Пятница, 29.03.2024, 05:30
Приветствую Вас Гость | RSS

Мой сайт

Мини-чат

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 240

Статистика


Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Форма входа

Главная » 2011 » Январь » 26 » 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 нафар захм
20:26
2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 нафар захм

 

2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 нафар захмӣ шудааст

 

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар таркиши Маскав 13 шаҳрванди кишвар захмӣ ва ду нафар кушта шудаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат гуфта шудааст, ки Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович ва Ҳақназаров Мурод Худойназарович, сокини ноҳияи Ҷиргатол дар миёни қурбониёни таркиши фурудгоҳи шаҳри Маскав будаанд. 

Қаблан Вазорати умури хориҷӣ марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар бобмгузорӣ дар фурудгоҳи Домодедоворо таъйид накарда ва гуфта буд, ки ҳанӯз иттилои расмӣ дар ин мавридро аз мақомоти Русия нагирифтаанд.




2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 нафар захм
Радио Озоди в 26.01.2011, um 22:14:21 Uhr
 Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар таркиши Маскав 13 шаҳрванди кишвар захмӣ ва ду нафар кушта шудаанд.
Дар баёнияи расмии вазорат гуфта шудааст, ки Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович ва Ҳақназаров Мурод Худойназарович, сокини ноҳияи Ҷиргатол дар миёни қурбониёни таркиши фурудгоҳи шаҳри Маскав будаанд. 

Қаблан Вазорати умури хориҷӣ марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар бобмгузорӣ дар фурудгоҳи Домодедоворо таъйид накарда ва гуфта буд, ки ҳанӯз иттилои расмӣ дар ин мавридро аз мақомоти Русия нагирифтаанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин аз таъсиси як ситоди вижа дар сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст. Ин вазорат гуфтааст, ки "як гурӯҳ оҷилан ба ҷои ҳодиса, чанд гурӯҳи дигар ба шифохонаҳои Домодедово, Видное ва шаҳри Маскав фиристода шуданд."
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон феҳристи 13 шаҳрванди захмишудаи кишвар дар таркиши фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро низ нашр кардааст. 

Дар шифохонаи №7, шаҳри Маскав:

1. Искандаров Саидбек, соли таваллудаш 1968, аз ноҳияи Ваҳдат;

2. Ғафуров Бахтиёр Мухторович, соли таваллудаш 1968; 

3. Кенҷаев Саъдулло Ҳайдарович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.

Дар шифохонаи №12, шаҳри Маскав:

1. Маҷидов Маъруф Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 15.07.1984, аз Душанбе, шаҳрванди Тоҷикистону Русия;

2. Умеди Аллобердӣ, соли таваллудаш 23.05.1987, аз ноҳияи Рўдакӣ, шаҳрванди Тоҷикистону Русия;

3. Одинаев Холмуҳаммад Масидинович, 20 сола, шаҳрванди Тоҷикистон;

4. Соҳибов Соҳиб Баҳриддинович, соли таваллудаш 05.04.1985, шаҳрванди Тоҷикистон.

Дар шифохонаи №15, шаҳри Маскав:

1. Худоёров Мансур Холматович, соли таваллудаш 1982.

Дар пажӯҳишгоҳи ёрии фаврии ба номи Н.В. Склифосовский:

1. Ҳасанов Нурулло Холматович, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин.

Дар шифохонаи шаҳри Видное:

1. Мӯъминов Алишер Додоҷонович, соли таваллудаш 1977, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.

Дар шифохонаи №83, шаҳри Маскав:

1. Бобоев Сафар Юлдошевич, соли таваллудаш 26.11.1983.

Дар пажӯҳишгоҳи ба номи Бурденко, шаҳри Маскав:

1. Силманов Салим Муносибшоевич, соли таваллудаш 1969, ҳолаташ вазнин. 

Дар шифохонаи № 20:

1. Самиева Насиба Музафаровна, 41-сола, ҳолаташ вазнин.
 

Просмотров: 1217 | Добавил: Orif | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 1
1 Glamour  
0
АЗ ХУДОИ АЗА ВАЧ,АЛА ТАЛАБ ДОРЕМ ШУМОЁНРО БА ВАТАНАМОН СИХАТУ САЛОМАТ БАРГАРДОНАД ИНШООЛЛОХ

Имя *:
Email *:
Код *:

Поиск

Календарь

«  Январь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
free hit counter